- ҳосил
- [حاصل]а1. бор, самар, маҳсул, ки аз зироат, боғдорӣ, чорводорӣ, истеҳсолот ва ғ. ба даст оварда мешавад; ҳосили баланд, ҳосили бисёр, ҳосили фаровон2. натиҷа, маҳсул, ҳар чизе ки аз кору амал ба даст меояд3. нафъ, фоида, суд; ҳосили кор маҳсули кор, натиҷаи кор; ҳосили меҳнат самараи кор; ҳосил бардоштан ҳосил ғундоштан (гирифтан), самара ба даст овардан; ҳосил гирифтан маҳсул ба даст овардан; ҳосил кардан ба даст овардан; ҳосил шудан а) ба даст омадан; б) ба вуҷуд омадан, пайдо шудан; қаноат ҳосил кардан қонеъ шудан4. риёз. натиҷаи амалиёти арифметикӣ: ҳосили зарб, ҳосили тарҳ, ҳосили ҷамъ, ҳосили тақсим
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.